languageТоҷикӣ

Аутсорсинг

Аутсортинги хадамоти фармоиши такси

Ҳар як соҳиби таксопарк рӯзе ба худ чунин савол медиҳад, ки чӣ тавр минбаъд хадамоти фармоиши таксии худро рушд диҳад, аз куҷо пул ва яке аз саволҳои мушкилтарин, аз куҷо муттахассисони касбиро ёбад? Ё ин ки даст кашидан аз диспетчерхонаи худ ва ҳама қувва ва захираҳои худро ба ҳамкорӣ бо ронандагон ва ҷалби мизоҷони худ равона кардан барои бизнес осонтару манфоиатовар мебошад? Бисёриҳо бо супоридани вазифаҳои хадамоти фармоиш ба маркази тамоси махсусгардонидашудаи «TaxSee» чунин рафтор мекунанд. Ва ин интихоби дуруст аст.

Бо мо ҳамкорӣ намуда, шумо ба маҷмӯи дастгоҳи барномавии замонавитарин оид ба идоракунии хадамоти такси дастрасӣ пайдо мекунед. Шумо тавассути веб-интерфейс ҳамаи дархостҳои таксии худ, роҳи пурраи онҳо, ҳар як амали оператор ва ронандаро назорат карда, сӯҳбатҳои телефониро гӯш карда метавонед. Шумо соҳиби базаи мизоҷони таксии худ ҳастед ва ба омори ҳамагуна детализатсия дастрасӣ доред. Шумо метавонед тарофаҳоро тағйир диҳед, ронандаҳоро қабул намоед, сменаҳоро ба танзим оваред ва дигар амалҳоро анҷом диҳед.

Ба маҷмӯи пешниҳоди мо дохил мешавад:

  • таъминоти барномавии махсусгардонидашудаи «TaxSee» оид ба қабул ва коркарди дархостҳо;
  • имконияти ҷурсозии чандири таъминоти барномавӣ бо назардошти ном ва хусусиятҳои таксопарки шумо;
  • таъмини фаъолияти мунтазами маҷмӯи барномавӣ ва қисми дастгоҳӣ;
  • ба шумо пешниҳод намудани назорати пурраи сифат ва миқдори хизматрасониҳо, доираи васеи ҳисоботҳои инфиродӣ;
  • сифати баланди алоқа (мизоҷони шумо чунин фикр мекунанд, ки опреатори дархостро қабулнамуда бо вай дар як шаҳр қарор дорад);
  • ҳамаи рӯйхати усулҳои стандартӣ ва алтернативии фармоиш (рақами бевосита, бумеранг-рақам, менюи овозии интерактивӣ, SMS-фармоиш, веб-фармоиш, барномаи мобилӣ);
  • фаъолияти операторони касбӣ дар реҷаи «24/7»;
  • дастгирии техникӣ ва ташкилотии ройгон.

Дар бораи хизматрасониҳои иловагӣ маълумот гиред